Панҷуми апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот бо Сун Ҷубин, роҳбари ширкати «Сун Юлин»-и Ҷумҳурии Халкии Хитой, масоили вобаста ба нақшаи сохтмони корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, барои сохтмони он Корхонаи муштараки «Билол -Сун Юлин семент» таъсис дода шудааст.
Корхонаи нави семент дар шаҳри Исфара дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна буда, бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд мешавад. Дар он 1000 нафар бо кор таъмин мегарданд, ки аксари кулли онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Дар корхона сементи ба таъсири сулфат устувори навъи 400 ва 500 истеҳсол хоҳад шуд, ки ба талаботи сохтмони тамоми иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги гидротехникӣ ҳам мутобиқ аст.
Бунёди корхона моҳи майи соли равон оғоз ёфта, то моҳи декабри соли 2015 ба кор дароварда хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки корхона аз сӯзишвории ангишт истифода мебарад. Барои истеҳсоли 1,2 миллион тонна семент ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истифода мешавад. Дар корхона технологияи навтарин насб мегардад, ки бе чангу дуд ва партов буда, ба талаботи ҷаҳонии экологӣ ҷавобгӯй аст.
Барои кор бо технологияи нав беш аз 350 нафар кадрҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Хитой, омӯзонда хоҳанд шуд.
Дар мулоқот бо роҳбари ширкати хитойии «Янтай групп» Си Чен Ҳу масоили ду баробар тавсеа додани фаъолияти Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» ва бунёди корхонаи истеҳсоли резинаи чархҳои мошин баррасӣ шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин ширкати хитойӣ бо шарикони тоҷики худ барои ду баробар зиёд намудани истеҳсоли тиллою нуқра дар Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» 100 миллион доллари амрикоӣ сармояи иловагӣ ворид карданианд.
Корхонаи резинаи чархҳои мошин бошад, бо харҷи 200 миллион доллари амрикоӣ дар майдони 50 гектар замини бекор бунёд ёфта, иқтидораш аз 200 ҳазор то як миллион дона маҳсулот дар як сол мебошад. Дар ин корхона резинаи чархҳо барои мошинҳои калони боркаш, мошинҳои махсуси саноати кӯҳӣ ва техникаи кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Дар ҳар дуи ин корхонаҳо беш аз 3000 нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд.
www.president.tj