15 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Поповро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Россия табодули назар карда шуд.
Юрий Попов изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди бемайлони робитаҳои неки ду кишвари дӯст саҳми худро дареғ нахоҳад дошт.
www.president.tj