21 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро «шарики табиии минтақавии Тоҷикистон» номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дод.
Аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, панҷ санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз чор баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин, густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти неруи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Россия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ зоҳир гардид.
www.prezident.tj