Мулоқот бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев

№65 (3050) 01.06.2013

Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев

28 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев мулоқот намуд.

Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.

Жанторо Сотиболдиев, аз ҷумла таъкид дошт, ки  «Ҳукумати Қирғизистон барои татбиқи амалии саривақтӣ ва пурраи санадҳои дирӯз имзошуда аз ҳама имкону захираҳо босамар истифода мебарад».

- Мо хоҳони рушди бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамгиройӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду кишвар афзалиятнок ҳастем, — изҳор дошт Сарвазири Қирғизистон.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз 37 миллион доллари амрикоии соли 2011 дар соли 2012 ба 80 миллион расид ва дар се моҳи соли равон бошад, ин нишондод аллакай аз 35,5 миллион гузашт.

Бо ишора ба чунин рушди тиҷорати дуҷониба изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар бо суръати аз ин бештар густариш меёбанд.

Ҳар ду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки корҳоро барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ ва хатти барқии «CASA-1000» тавассути қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон суръат мебахшанд, то ки қудрати транзитии худро тақвият бахшанд.

www.prezident.tj