Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип

№55 (3040) 08.05.2013

Э.Рахмон ва А. Ансип

Шашуми майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамгиройии сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фар-ҳангӣ баррасӣ гардид.

Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо дарназардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумла бандарҳои обии он низ, муҳим дониста шуд.Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Бо дарназардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва дар сафи пеши мубориза бо хатар-ҳои терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштани Тоҷикистон ба таҳкими ҳамгиройии бисёрҷониба дар ин самти ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.

www.president.tj