Мулоқот бо Суҷатҳа Сингҳ

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

IMG_0623

Ҳафтуми майи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: «Сафари давлатии Шумо ба Ҳиндустон, ки моҳи сентябри соли 2012 ҷараён гирифта буд, боиси ба сатҳи хеле боло бардошта шудани муносиботи ду кишвар гардид».

Доир ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба гуфти Суҷатҳа Сингҳ, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.

Дар суҳбат ҳамчунин масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.president.tj