Шонздаҳуми майи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба механизмҳо ва ташаббусҳои зиддибуҳронӣ зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна мусоидат мекунанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Бонки Умумиҷаҳонӣ асосан дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, аз ҷумла дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ чун саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумиаш 323 миллион доллари амрикоӣ мебошад.
Яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷм ва бисёр судбахш, ки Тоҷикистону Бонки Умумиҷаҳонӣ дар он ҳамкории босамар доранд, лоиҳаи минтақавии бунёди хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 мебошад, ки интиқоли неруи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад ва то соли 2018 бояд фаъол гардад.
www.president.tj