Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Фаттоҳ Гайдаров

№83 (3068) 04.07.2013

Фаттох Гайдаров

Дуюми июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Озарбойҷон Камолиддин Фаттоҳ Гайдаровро ба ҳузур пазируфт.

 Зимни мулоқот доир ба омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва тақвият бахшидани кори хадамоти наҷотбахшӣ, расонидани кӯмакҳои моддию техникӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа табодули афкор сурат гирифт.

Дар мулоқот ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни барои ҳар ду ҷониб афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуда, зарурати фаъолгардонии кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ махсус таъкид гардид.

www.prezident.tj