Сенздаҳуми майи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хонум Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот аз ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир, хусусан аз ҷониби гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоиёт ва дастгирии Буҷети давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки дар тӯли 23 соли шарикӣ бонк ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок, грант ва кумаки техникӣ пешниҳод намуда, ҳоло лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳолати иҷро қарор доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид бар он дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди бемайлони кишвар ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум буда, дар шароити таъсири ногувори омилҳои берунӣ, аз ҷумла таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот, ҳамчунин масоили фарогирии имконоти бузурги молиявию техникии Бонки умумиҷаҳонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.