Ёздаҳуми майи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро, ки барои иштирок дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA -1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният, фарҳанг ва илму маориф изҳори қаноатмандӣ шуда, ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид.
Тавре таъкид гардид, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Покистон дар 50 санади байниҳукуматию байниидоравӣ таҷассум ёфта, асоси рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳама соҳа таъмин менамоянд.
Изҳори боварӣ шуд, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи CASA — 1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.
Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.
Ҳар ду ҷониб доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ,таҳкими робитаҳои нақлиётию транзитӣ, расидан ба натиҷаҳои баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари афзалиятноки энергетикӣ ва роҳу нақлиётӣ, иштирок дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ табодули афкор намуданд.