Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа

№127 (3112) 10.10.2013

1275246_540946819308842_539994157_o

Ҳафтуми октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида доир ба кӯмаки фаврии техникӣ ба неруҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии ин санадҳо ба нафъи таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа хоҳад буд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кӯмаки мазкур бояд дар муддати се моҳ расонда шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ гуфтугӯй сурат гирифт.

www.president.tj