Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

IMG_5551Бегоҳии рӯзи 20 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни робитаҳои Тоҷикистону Покистон гуфтугӯ сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор дошт: «Тоҷикистон майлу кӯшишҳои Покистонро ба фаъолияти бештар дар доираи созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва исломӣ ҷонибдорӣ менамояд».

Аз густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон, ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе ва тамоюли бозшавии намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи кимиёвӣ, тиббӣ, ресандагию бофандагӣ ва маводи ғизоӣ дорои манфиати зиёд барои ҳар ду кишвар арзёбӣ гардид.

Аз рушди ҳамкории босамари хадамоти махсус, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла барои пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгаройӣ низ изҳори хушӣ карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавӣ сурат гирифт. 

www.prezident.tj