Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сароҷ Кумар Ҷҳа ва Патрисия Виверс-Картер

№103(3249) 05.09.2014

кумар

Чоруми сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ва намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Сароҷ Кумар Ҷҳа намояндаи нави бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 255 миллион доллари амрикоиро асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло бо назардошти маблағҳои фондҳои трастӣ 14 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 232 миллион доллари амрикоӣ таҳти назари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқ мешавад, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, маъмурикунонии низоми андоз ва кадастри замин равона шудаанд.

Чунонки зикр гардид, дастгирии бахши хусусӣ тавассути беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз афзалиятҳои кори Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аст.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

www.president.tj