29 ноябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Ян Кубиш бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва мардуми кишвар барору комёбӣ ва амалишавии умеду ормонҳоро таманно намуд.
Зимни мулоқот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар пас аз соли 2014, баррасӣ шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кулли минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj