Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Кубиш

№109 (3094) 31.08.2013

1

Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгиройии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Тоҷикистон минбаъд низ мусоидати худро барои таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ ва эҳёи иқтисодиёти Афғонистон идома хоҳад дод».

Тавре зикр гардид, мусоидати Тоҷикистон дар шакли ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо дар кишвари мо ва ҳамчунин тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию зербиноӣ, аз ҷумла интиқоли неруи барқи арзон ба ин кишвар сурат мегирад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ва дигар тадбирҳои минтақавии Тоҷикистон ва дигар шарикони он, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, дигар роҳҳо ва хатҳои нави интиқоли неруи барқ ба Афғонистону Покистон мавриди дастгирии доимии муассисаҳои байналмилалӣ қарор мегиранд.

Ян Кубиш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақа баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки «Тоҷикистон воқеан ҳамсояи нек ва дӯсти боэътимоди Афғонистон аст».

www.prezident.tj