Понздаҳуми октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 нафар аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Россия баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ба кору фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накуяшон соҳиби обрӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Россия манфиатдоранд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фазои будубош ва кору зиндагии тоҷикон дар Федератсияи Россия бояд дар худи Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва ҳунаромӯзии касони ба муҳоҷирати корӣ раванда хуб ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди роҳбарони ҷамъиятҳоро доир ба таъсиси як созмони умумироссиягии тоҷикони муқими ин кишвар хуш пазируфта, таъкид дошт, ки тавассути ин созмон бояд фаъолияти тоҷикон хуб ҳамоҳанг карда шавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тоҷикони муқими ин кишвар минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Федератсияи Россия хоҳанд буд.
www.president.tj