Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 17 октябри соли ҷорӣ Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия дар соҳаи амният баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин ҳамсояи ҷанубӣ, ҳамгироӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ва ҳамчунин ба таҳкими амнияти иттилоотӣ зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯйи судбахш доир ба масоили дигари вобаста ба ҳифзи амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ сурат гирифт.
www.president.tj