Шонздаҳуми апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масоили гуногуни ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия баррасӣ шуд. Сергей Степашин бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Россия ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд. Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Россия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгиройии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгаройӣ ва авзои Афғонистон зоҳир гардид.
Гуфтугӯ дар фазои дӯстии анъанавӣ ва ҳамшарикии стратегию иттифоқчигии Тоҷикистону Россия ҷараён гирифт.
www.prezident.tj