Мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

IMG_132920 марти соли 2013 дар шаҳри Ашқобод ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон баргузор гардид.

Мавзуи асосии суҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки масоили вобаста ба сармоягузории ин лоиҳа тибқи Нақшаи амалиёти Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) моҳи октябри соли 2012 ба мувофиқа расида буд.

Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад.

Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки сарони ҳар се давлат- Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов ҷараён гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки ин роҳи оҳан ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидати фаъол хоҳад дошт.

www.prezident.tj