Мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

№81 (3718) 08.07.2017

35713354896_295367b628_oШашуми июли соли 2017 дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус», воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, мулоқоти сеҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ҳамсоягони дорои пайвандҳои ногусастании иҷтимоиву фарҳангӣ ва тамаддуниву маънавии муштарак мебошем ва рисолати мост, ки ин пайвандҳои таърихии мардумро бо ҳусни ният, азми қотеъ ва саъю талоши пайгир таҳкиму тавсеа бахшем.

Аз нишасти охирини сарони давлатҳои сегона- Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар баҳори соли 2014 ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ин давра оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 аз дастовардҳои бузург ва таърихии ин давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири Лоиҳа бо мақсади пайванди табиии давлатҳои минтақа ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳамчунин, дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсох­тори иртибототии кишварҳо тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди алоқаи ҳавоию телекоммуникатсионӣ ва пайвастагии минтақавӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳар чӣ зудтари Созишномаи тиҷорати транзитии се кишвар фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба нафъи мардуми се кишвар ва омили муҳими тавсеаи робитаҳои минтақавӣ дониста шуд. Мусоидату корбурди василаҳои муосир – гузаронидани намоишгоҳҳову анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сармоягузории муштарак бо мақсади ташвиқи бештару муаррифии имкониятҳои ҳамдигар, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, муфид арзёбӣ гардид. Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон, моҳи октябри соли равон, Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Изҳори итминон карда шуд, ки баҳри ҳалли мушкилоти мубрами рӯз, бахусус аз байн бурдани камбизоатӣ, эҷод намудани ҷойҳои корӣ, баланд бардошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби технологияҳои муосир барои рушди босуботи ҷомеа иқдомҳои муштарак дар рӯҳияи созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш гирифта мешаванд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти иштироки фаъол дар баэътидоловарии вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгаройӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.

www.president.tj