Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

№134 (3119) 22.10.2013

Кабули Рахмон

Бисту якуми октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар саҳни ҳавлии назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ дар майдон саф оростанд. Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳар ду давлат аз назди қатори сарбозон ва шиносойии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт. Зимни мулоқоту музокирот маҷмуи васеи мавзуъҳо ва масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти барқи баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид. Ба омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Хитой-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои ояндадор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ аз афзоиши бесобиқаи робитаҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни онҳо 100 баробар афзудааст ва Афғонистон ҳоло дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар мақоми панҷум қарор дорад. Мувофиқасозӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон омили таконбахши бештари чунин ҳамкорӣ номида шуд.

Бо ёдоварӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар самти пурзӯр намудани ҳифзи марзи муштараки давлатӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа, ҳар ду ҷониб бар зарурати густариши чунин робитаҳо таъкид доштанд. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба идомаи кӯмак ба сохторҳои Афғонистон барои омӯзиши кадрҳои низомию марзбонӣ, табибон, мутахассисони роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо таъйид намуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгиройии байналмилалии  ду кишвари ҳамсоя сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистону Афғонистон чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо;

- Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005;

- Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта;

- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба.

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ба натиҷаи мулоқоту музокироти имрӯза баҳои баланд дода, дурнамои муносибот ва ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишварро умедбахш номиданд.

www.president.tj