Мулоқоти басо муҳимро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябри соли 2014 бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Бешубҳа, муносибот бо Ӯзбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад». Ҳамчунин таъкид гардид: «Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Ӯзбекистони бародар, тавсеаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем».
Сарони ҳар ду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион доллар дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил диҳад.
Зимни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.
www.president.tj