Парлумонҳо назораткунандаи татбиқи амалии санадҳои ҳамкорианд

№55 (3201) 28.05.2014

1

Нимаи дуюми рӯзи 26 майи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии  Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардуми ду кишвар зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо, аз ҷумла доир ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон,  минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.

www.president.tj