Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Нуҳуми апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Белгия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

***

Нимаи дуюми рӯзи 9 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Брюсел, пойтахти Шоҳигарии Белгия шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Брюсел меҳмони олимақомро бо қатори горди фахрӣ, дигар муқаррароти сафарҳои расмӣ ва бо ҳусни эҳтиром истиқбол гирифтанд.

Пас аз чанд лаҳзаи расидан ба Брюсел Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштон мулоқот намуд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Аз тасвиби ду Созишномаи молиявии миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки яке грантӣ ва дигаре қарзӣ мебошад ва қарордоди молиявӣ бо Бонки сармоягузории Аврупо доир ба барқарорсозии шабакаҳои барқии Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид.

Ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгиройӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ бояд дар меҳвари муносиботи судбахши Иттиҳоди Аврупо бо минтақаи мо қарор дошта бошанд».

Идомаи дастгирӣ аз бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон -саноат, гидоэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, аз ҷумла бо назардошти эҳтиёҷоти Афғонистон, зарур дониста шуд. Изҳори боварӣ шуд, ки тадбирҳои Тоҷикистон барои зиёд намудани интиқоли неруи барқ ба Афғонистон дар фасли тобистон, ки дархости ҷониби Афғонистон аст ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад дошт.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

***

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  9 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Брюсел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусӣ аст, баррасӣ гардид.

Ба густариши ҳамкорӣ барои ташхису табобати бемориҳои гуногун, омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон ва донишу таҷриба, дастгирии техникии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.

Ба он аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва аз ҷониби Белгия Президенти ассотсиатсияи мазкур Дирк Ламбрехтс имзо гузоштанд.

Зикр гардид, ки минбаъд дар асоси ин санад Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва татбиқ хоҳад шуд.

***

Рӯзи дуюми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюсел, пойтахти Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Андерс Фог Расмуссен оғоз ёфт.

Андерс Фог Расмуссен — Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи қароргоҳи доимии ин созмон дар Брюсел истиқбол гирифт.

Боздиди навбатӣ аз НАТО бо маросими аксбардории якҷоя оғоз ёфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳамшарикии амалӣ бо ин созмон дар доираи Барномаи «Ҳамёрӣ барои сулҳ» изҳори қаноатмандӣ карда, «татбиқи Барномаи инфиродии ҳамшарикии миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро воситаи муассири таҳкими равобити ду ҷониб номид».

Тавре зикр гардид, дар чаҳорчӯбаи ин барнома Тоҷикистон аз мусоидати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар тоза кардани ҳудуди худ аз мина ва дигар моддаҳои тарканда, пурзӯр намудани амнияти сарҳадӣ, омӯзиши забонҳо, омодасозии кадрҳои низомӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо бархӯрдор аст.

Андерс Фог Расмуссен ба нақши Тоҷикистон дар кӯмаки амалӣ ба неруҳои эътилофии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон ва мусоидати фаъол ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар баҳои баланд дода, давлати моро дар ин раванд «шарики боэътимоду устувори НАТО» номид.

Андерс Фог Расмуссен ҳамчунин чунин изҳор дошт: «НАТО дар масири мусоидат ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва омодасозии кадрҳои низомӣ ва полиси афғон аз имконоти Тоҷикистон имрӯз ва пас аз соли 2014 низ васеъ истифода мекунад». Ӯ ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамшарикии боэътимод бо НАТО арзи сипос кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои хурӯҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки соли 2014 ба поён мерасад, чунин изҳор дошт: «Вусъат додани робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷалби ҳар чӣ бештари Афғонистон ба равандҳои ҳамгиройии иқтисодии минтақавӣ воситаи самарабахше дар масири сулҳсозӣ дар ин кишвар хоҳад буд».

Ҳар ду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш, аз ҷумла пас аз соли 2014, низ ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

***

12 (4)10 апрели соли 2013 дар идомаи сафар ба Брюсел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Парлумони Иттиҳоди Аврупо Мартин Шулс мулоқот намуд.

Дар даромадгоҳи бинои Парлумони Иттиҳоди Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Парлумон Мартин Шулс истиқбол гирифта, ба макони аксбардории якҷоя даъват намуд.

Дар мулоқоти онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, хусусан раванди таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони он, фаъолияти босамари Кумитаи ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва ҳамчунин татбиқи босамари Стратегияи ҳафтсолаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мартин Шулс мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва нақши сиёсию амниятии онро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини суботу эътидол дар Афғонистон ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму экстремизм ва қочоқи мухаддирот муҳим номида, ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории босамар бо он таъкид дошт.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Дар робита ба шароити баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: «Ман ҳамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медиҳам, ки интихоботи президентии Тоҷикистон озодона, шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад».

***

3L0X649810 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюсел Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики Бонки сармоягузории Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳоло бо харҷи 21 миллион евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» татбиқ мегардад.

Вилҳелм Молтерер изҳор дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ — Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд.

***

891542_466780140058844_1175575019_oМулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Ҳерман ван Ромпей аз чорабиниҳои марказии барномаи имрӯзаи боздиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Брюсел буд.

Зимни вохӯрӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Иттиҳоди Аврупо аз рӯйи нишондодҳои гардиши мутақобилаи мол ҳоло дар қатори панҷ шарики аввали тиҷоратии кишвари мо қарор дорад».

Тавре зикр гардид, дар соли 2012 ҳаҷми мубодилаи мол миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 450 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин нишондод солҳои оянда хеле афзоиш меёбад, зеро ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар омилҳои муассир ба он мусоидат хоҳанд кард.

Ба Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдори он барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо арзи сипос карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории ба рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон нигарондашуда ҳам ба афзоиши бештари робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мусоидат мекунанд.

Доир ба идомаи ислоҳоти фарогири Тоҷикистон, — демократикунонии ҷомеа, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ба таври озоду шаффоф баргузор намудани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихоботи президентӣ инъикосгари воқеии рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегардад.

***

902371_466811240055734_1136360656_oЗимни суҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу низ муносиботи ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, ба монанди БОМКА/КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» ва дастгирии макромолиявию техникии Тоҷикистон арзи қаноатмандӣ карда шуд.

Бо боварӣ зикр гардид, ки мулоқотҳои имрӯза бо роҳбарияти олии сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносиботи судманди ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат ва амният, иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, илму техника ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Бино ба таъкиди Жозе Маннуэл Баррозу: «Тоҷикистон оянда ҳам, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Стратегияи таҳияшавандаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва барномаю лоиҳаҳои сершумори мо дар Афғонистон чун кишвари калидӣ дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд».

Аз Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу даъват карда шуд, ки барои идома додани муколамаи созандаи ду ҷониб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***

IMG_1332Субҳи рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия бо мулоқоти ӯ бо узви Комиссияи Аврупо, Комиссар оид ба Рушд Андрис Пиебалгс идома ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошт: «Иттиҳоди Аврупо аз калонтарин шарикони мададрасони Тоҷикистон аст ва Комиссияи Аврупо дар масири дастгирии рушди устувори кишвари мо нақши намоён дорад».

Зимни суҳбати созанда доир ба роҳҳои дастгирии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ба рушди энергетика, инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва хӯрокворӣ, ҳамчунин маорифу тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ нигаронидашуда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Андрис Пиебалгс омодагӣ ва ҳавасмандии Комиссияи Аврупоро ба дастгирии Тоҷикистон ба манзури мавқеи стратегӣ ва нақши калидии он дар Осиёи Марказӣ таъкид дошта, изҳор намуд, ки барои татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар мулоқотҳои сершумори сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тайи ин рӯзҳо ҳосил шуданд, ҷаҳд хоҳад кард.

***

IMG_1377Масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 апрели соли 2013 бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» муфассал баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хоса бо Урбан Руснак изҳори боварӣ намуд, ки ин мулоқот ва ҳам форуми созмондодаи Хартияи энергетикӣ барои ҷалби васеи сармоягузорӣ ва рушди бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим такони ҷиддӣ мебахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот ва Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи кишвари моро, ки аксари куллашон ба рушди тамоми минтақа нигаронда шудаанд, шахсан муаррифӣ намуда, доираҳои соҳибнуфузи давлатӣ ва соҳибкории Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро ба ҳамкории пурсамар дар ин соҳа даъват намуд.

***

IMG_1462Масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ҳамчунин дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 11 апрели соли ҷорӣ бо Ноиби аввали Президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат тасмим дорад дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои геологию ҷустуҷӯйӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ машғул бошад.

Фаъолияти худро ин ширкат дар ҳамкорӣ бо Ширкати миллии нафтии Чин (CNPC) ва ширкати «Тетис петролиум» ба роҳ мемонад.

IMG_1458

Чуноне зикр гардид, захираҳои нафту газ дар ҳавзаи Бохтар ё худ Амударё, ки майдони 35 ҳазор километри мураббаи қисмати ҷанубу ғарби вилояти Хатлонро дар бар мегирад, хеле фаровон буда, мавриди истихроҷу коркард ва содирот қарор гирифтани он боиси ҷаҳиши бузург дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа, ҳамчунин боиси муҳайёшавии ҳазорон ҷойи нави кор хоҳад шуд.

Шарикони сегона дар ояндаи наздик барои идомаи корҳои омӯзишӣ ва оғози пармасозӣ 80 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карданианд. Онҳо аз вуҷуди захираи фаровони нафту гази ин минтақа ва ҳамчунин мавҷудияти бозори фарохи фурӯши маҳсулоти нафту газ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Хитой умедвории зиёд доранд.

***

891990_467038216699703_1791880263_oДар Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон», ки 11 апрели соли 2013 таҳти раёсати вакили Парлумони Иттиҳоди Аврупо Струан Стивенсон ҷараён гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак, Ноиби аввали Президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел, Президенти ширкати «Тетис петролиум» Девид Робсон ва роҳбарону намояндагони воломақоми ширкатҳои зиёди соҳибнуфузи Аврупо иштирок намуданд.

Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқие, ки барои соҳибкорону сармоягузорон муҳайё гардидааст, бевосита иттилоъ дод.

Тафсилоти чунин имконот, ҳамчунин аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ муаррифӣ гардид.

Доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли энергетика, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва ғайра иттилооти муфассал пешниҳод гардид.

Аз шарикони хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак суханронӣ намуда, дурнамои рушди ин соҳаи Тоҷикистонро басо умедворкунанда номид.

Президенти ширкати «Тетис петролиум» Девид Робсон чунин изҳор дошт: «Тоҷикистон бо захираҳои фаровони нафту гази худ, пеш аз ҳама дар ҳавзаи Амударё, метавонад яке аз кишварҳои бузурги минтақа гардад». Тавре ӯ зикр намуд, танҳо дар ҳавзаи Амударё 27,5 миллиард баррел нафт, 3,22 триллион метри мукааб газ ва 8,5 миллиард баррел конденсати нафт мавҷуд аст.

Ноиби аввали Президенти ширкати «Тотал» Майкл Боррел воридшавии ин ширкатро ба иқтисодиёти Тоҷикистон имкони хеле фарохи рушди кишвар номид. Тавре ӯ зикр намуд, ин ширкат дар 130 кишвари ҷаҳон зиёда аз 700 намояндагӣ дошта, даромади солонааш баробар ба 200 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин ширкат танҳо соли 2013- ум 28 миллиард доллари амрикоӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон сармоягузорӣ карданӣ аст. Ба андешаи Майкл Боррел, воридшавии якҷояи ширкатҳои «Тотал», «Тетис петролиум» ва Ширкати миллии нафтии «CNPC»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой боиси ҷаҳиши бузург дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи зиёд, албатта, ба имконоти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика зоҳир гардид. Тавре аён гардид, мавриди истифодаи босамар қарор гирифтани захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон боиси рушди бесобиқаи иҷтимоию иқтисодии кулли минтақа хоҳад буд, зеро норасойии нерӯи барқ дар бисёр кишварҳои ин минтақаи фарох эҳсос мегардад.

 

www.prezident.tj