Субҳи рӯзи 12 сентябри соли 2014 қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати Ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.
Атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷрибаи ғании ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт.
Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати «боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон» таъкид намуд.
Ҳамчунин доир ба мавзӯоти ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.
www.president.tj