Сарвари давлат як гурӯҳ меҳмонони олимақомро ба ҳузур пазируфт

№104 (3089) 20.08.2013

19 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

  Кристина Гутиерес

Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина Гутиерес баргузор гардид.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он ва рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳар чӣ бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.

Изҳор гардид, ки «дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо неруи барқ ба назар гирифта шудаанд». Ҳамчунин таъкид гардид: «Агар неругоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд».

Кристина Гутиерес изҳор дошт, ки «Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт».

***

У Хунбо

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо мулоқоти судбахш анҷом дод.

Зимни мулоқот дар баробари мавзуъҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили вобаста ба таҳияи рӯзномаи Ҷаласаи байналмилалии рушд дар соли 2015 баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, масоили дар ин ҷаласа муайяншаванда бояд идомабахши Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бошанд, ки барои 15 соли аввали ҳазораи сеюми мелодӣ мушаххас гардида буданд.

У Хунбо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика, рушди «иқтисоди сабз», пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳам барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои иқдоми навбатӣ, яъне дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ кард.

У Хунбо мавқеи созанда ва мутавозини Тоҷикистонро доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз тариқи ҳамкорӣ ва созиш арзандаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки «беҳтарин роҳи ҳаллу фасли масоили баҳсноки вобаста ба об ҳамкории минтақавӣ мебошад».

***

Гян Чандра Ачария

Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария асосан масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Гян Чандра Ачария барои ташрифаш ба шаҳри Душанбе ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамчунин пуштибониҳои доимиаш аз ғояҳо ва ибтикороти Тоҷикистон дар бахши об дар минтақа ва ҷаҳон изҳори сипос кард.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии имсолаи Тоҷикистон дар Барномаи ТРАСЕКА, ҷаласаи 10-уми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020», ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, боровар хоҳад буд.

Таъкид гардид, ки «барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар надоштани роҳҳои баромади бевосита ба баҳр ва бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии он нақлиёти автомобилӣ аҳамияти хос дорад».

Гян Чандра Ачария изҳори итминон кард, ки «тадбирҳои Тоҷикистон доир ба раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ минбаъд низ бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳою давлатҳои шарику мададгор мавриди дастгирӣ қарор хоҳад дошт».

***

Патрисия Флор.

Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо хоҳони тавсеаи ҳамёрии пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфуз ҳастем.» Ҳамчунин таъкид гардид, ки «мо таваҷҷуҳи пайвастаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ҷомеаи Аврупо бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар масоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ қадрдонӣ карда, баланд арзёбӣ менамоем».

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии минтақа, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои калидии иҷтимоию гуманитарӣ — маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он зоҳир карда шуд.

Баррасии авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла пас аз соли 2014 ва роҳҳои густариши ҳамгиройии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ин самт низ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки талабу пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 – 2020 ба назар гирифта мешаванд.

www.prezident.tj