Шоми рӯзи 14 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат ба сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии ин созмон дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмонони олимақом — президентҳои кишварҳои аъзои СААД — Арманистон — Серж Саргсян, Беларус — Александр Лукашенко, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбаев ва Россия — Владимир Путин дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Меҳмонон дар боғи Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштугузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо сарватҳои табииаш, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.
Ба ифтихори меҳмонони олимақом сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд гирифт.
Мавриди зикр аст, ки тоҷикон аз қадим бо меҳмоннавозӣ ва таомҳои хушлаззати миллиашон дар миёни ҷаҳониён маъруфанд.