Суҳбат бо Абдуллатиф ал-Усмон

№108 (3093) 29.08.2013

1274689_522990727771118_1461075011_o

27 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигариии Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ал-Усмонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди Саудии Рушд дар маблағгузории ҳафт лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ чанд рӯз қабл ба имзо расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи сиёсию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳамкории бештар, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахш дар бахшҳои гуногун даъват намуд.

www.prezident.tj