Понздаҳуми декабри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, баррасӣ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расонидани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.
www.president.tj