Ҳаждаҳуми майи соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Халқии Хитой Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Ҷумҳурии Халқии Хитой баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯбаи муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, ба имзо расидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Дар робита ба ин атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд.
Тавре иттилоъ доданд, имконоти Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Халқии Хитой хеле фарох аст, зеро он ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст.
www.president.tj