Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

№124 (3425) 16.09.2015

5

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард,  мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат чунин изҳор дошт: «Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дорои имконоти бағоят васеи рушду густариш мебошанд ва моро зарур аст, ки аз шароити ҳамсони табиию иқлимӣ ва сохтори монанди иқтисодии кишварҳоямон пурсамар истифода барем».

Алмазбек Атамбаев дар навбати худ ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳам омодасозии ҳамоиши сатҳи олии ин созмон баҳои баланд дода, аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «Ман Шуморо бо раёсати басо муваффақона ва самарабахши Тоҷикистон дар СААД табрик мегӯям».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи васеи қарордодию ҳуқуқӣ дар доираи қариб 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд аст.

Тазаккур дода шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат ҳамоно афзалиятнок дониста мешаванд.

Фаъолнокии бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Қирғизистон зарур дониста шуд.

Ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ ва рушди тиҷорати наздимарзӣ ва дар ин замина ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии сокинони деҳоти наздисарҳадӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат густариши робитаҳои нақлиётию тиҷоратӣ ва тавсеаи имконоти транзитии ду кишвари ҳамсоя ва бунёди роҳҳои транзитии оҳану мошингард, хатҳои интиқоли газ ва неруи барқ буд.

Ҳамчунин атрофи авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳамгиройиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла барои таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ, гуфтугӯйи судманд сурат   гирифт.