Шашуми августи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Эдуард Ауэр аз замони фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандию хушӣ карда, таъкид дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишвари мо кушиш ба харҷ хоҳад дод.
www.president.tj