Суҳбат бо сафири Туркманистон Чинор Рустамова

№116 (3101) 19.09.2013

18 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бинобар анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.

1243351_532680180135506_1615507862_o

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору комёбӣ таманно намуд.

Чинор Рустамова аз таассуроти накуи худ аз Тоҷикистон ва муносибати роҳбарияту мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талоши худро идома хоҳад дод.

www.president.tj