Суҳбат бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра

№105 (3090) 22.08.2013

1094083_518582674878590_564333174_o

Нимаи дуюми рӯзи 19 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат маросими бошукуҳи истиқбол сурат гирифт.

Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватраро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф оростани ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмон ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани ӯ ба сарбозон ва ҳамчунин шиносойӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо расми гузашти тантанавии низомиён ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар дар мулоқоти хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.