Ҳаштуми июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро, бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ, ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.
Урмат Саралаев изҳор дошт, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.
www.president.tj