Тоҷикистону Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар имкону захираҳои фаровон доранд

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Хинд1

Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

Вохӯрии аввал бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ баргузор гардид, ки зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, то ба имрӯз миёни Тоҷикистону Ҳиндустон зиёда аз 50 санади дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавобгӯй нест.

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи гидроэнергетика, ки дар ҷараёни навсозии Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1» андӯхта шудааст, изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои судбахш дар ин самт вусъат дода мешаванд. Таъкид гардид, ки Ҳиндустон метавонад дар бунёди иншооти нави энергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, оянда содироти неруи барқро аз ин ҷо ба ҳудуди худ ба роҳ монад.

Чунонки зикр гардид, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамзамон метавонад ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидати фаъол намояд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, мудофиа ва ҳифзи амну субот дар минтақа сурат гирифт.

www.president.tj