18 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси мудирияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром»-и Федератсияи Россия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаи нафту газ ва маводи сӯхт баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи хос ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Федератсияи Россия иҷозати коркардаш дода шудааст, зоҳир гардид.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расид ва акнун кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин таъкид дошт: «Корҳои ҷустуҷӯйиву геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд».
Алексей Миллер чунин изҳор намуд: «Оянда ширкати Газпром тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯйиву геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд».
Ҳамчунин дархости ширкати «Газпром»-и Федератсияи Россия доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Россия муҳим хоҳад буд.
www.president.tj