Вохӯрӣ бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёнӣ

№109 (3094) 31.08.2013

2

30 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгиройии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назарраси ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.

Муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгиройӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар низ аз мавзуъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербинойӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хатти баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифт.

www.prezident.tj