10 феврали соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Такро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои шарикӣ аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо маблағи умумии беш аз 750 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи умумии 223 миллион доллари амрикоӣ 13 лоиҳа бо маблағгузории грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ амалӣ мегарданд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи кишварии Бонки Умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҷараёни ташхиси иқтисодию техникӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи минтақавии CASA-1000, маблағгузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
www.president.tj