Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

№124 (3425) 16.09.2015

 

714 сентябри соли 2015 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат чунин  изҳор дошт:  «Мо ба мардуми бародари Беларус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем».

Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки муносиботи ду кишвар кайҳо боз хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкории мутақобилан судбахш ба қуллаҳои баланд расонда мешавад.

Александр Лукашенко ба заҳматкашӣ ва меҳмоннавозии самимии роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла ду ва зиёда ҳосил рӯёндани кишоварзони тоҷикро «дастоварди бузург» номид.

Президенти Ҷумҳурии Беларус ҳамчунин ба тадбирҳои амниятии Тоҷикистон ишора карда, таъкид дошт: «Шумо бо ҷавонмардию ҷасорати беандоза барои нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамеша мубориза мебаред, то ки мардуми кишвар зиндагии орому осуда ва заҳмати созанда дошта бошанд. Мо дар навбати худ омодаем ҳама гуна кумакеро, ки аз дастамон меояд, ба Шумо расонем».

Дар идомаи суҳбат пешгирӣ аз коҳишёбии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки тайи ду соли охир ба назар мерасад, фаъолсозии бештари Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур дониста шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба зарурати татбиқи босамари «Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020», роҳандозии робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, Шарқи наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Беларус сурат гирифт.