28 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек ташриф оварда, ба нишони эҳтиром ба арзишҳои миллию таърихии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назди гулхани ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни мардуми ин кишвар гулчанбар гузошт ва хотираи онҳоро пос дошт.
Дар мулоқот бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Асил Жеенбеков масоили таҳкими асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносиботи ду кишвар ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Ба натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олӣ, ки дирӯз ҷараён дошт ва азми устувори роҳбарияти ду кишвар ба таҳким ва густариши дӯстӣ ва ҳамкории судбахш баҳои баланд дода шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои густариши бештари робитаҳо пешниҳод намуд, ки Гурӯҳи дӯстии миёни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳисоби намояндагони мардумии ду кишвар таъсис дода шавад.