Вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳмонони баландпояи Конфронс

№105 (3090) 22.08.2013

20 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об як зумра иштирокдорони воломақомро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти якуми дуҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина баргузор гардид.

Зимни суҳбат масоили ташкил ва густариши робитаҳо миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Мозамбик метавонанд бештар дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, геология, энергетика ва маориф ҳамкории босамарро ба роҳ монанд.

Сарвазири Мозамбик барои таҳсили донишҷӯёни кишвараш дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, ин арсаи ҳамкориро дорои дурнамои хуб номид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгиройӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист, сурат гирифт.

***

Дар суҳбат бо Президенти Иҷлосияи 68-уми  Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.

Ҷон Эш ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазиройӣ ва созмондиҳии хуби конфронси мазкур арзи сипос карда, пешвоии Тоҷикистонро дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии вобаста ба об таъйид кард.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳавасмандии устувори ду ҷониб ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун таъкид гардид.

***

Зимни вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо вазири энергетика, об ва шуғли аҳолии Давлати Кувайт Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим асосан роҳҳои татбиқи амалии санадҳо ва тавофуқоти дуҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ аз сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ва натиҷаҳои умедбахши он изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи амалии санадҳои зимни ин сафар имзошуда ва дигар тавофуқоти муҳим ба нафъи ду давлати дӯст ва мардумони онҳо хизмат хоҳад кард.

Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо ишора ба таваҷҷуҳи хоси Амири Давлати Кувайт ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвар баҳои баланд дод.

***

Катар

Дар мулоқот бо вазири муҳити зисти Давлати Қатар Аҳмад ибни Омир ал-Ҳумайдӣ масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳ ва мазмуни муносиботи судбахш ва ҳамкории босамари кунунӣ, ҳамзамон ба густариши бештари робитаҳо дар оянда изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

***

Руснак

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони неру Урбан Руснак басо ҷолибу самарбахш ҷараён гирифт.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои форуми соҳибкорию сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, ки бо мусоидати ин созмон чанде пеш дар шаҳри Брюссел-пойтахти Шоҳигарии Белгия баргузор гардида буд, ба густариши бештари ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Урбан Руснак таъкид намуд, ки Паймони неру минбаъд низ ба Тоҷикистон барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузории  хориҷӣ, пеш аз ҳама ба бахшҳои ояндадори соҳаи энергетикаи он мусоидати фаъол хоҳад дошт.

***

Дар вохӯрӣ бо вазири захираҳои оби Бангладеш Рамеш Чандра Сен доир ба ҳамгиройи байналмилалӣ дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист табодули назар карда шуд.

Рамеш Чандра Сен таҷрибаи пурғановати Тоҷикистонро дар соҳаи дипломатияи обӣ дар минтақа ва ҷаҳон арзандаи омӯзиш арзёбӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар ин ҷода баҳои баланд дод.

Ҳамчунин бахшҳои дигари ҳамкории имконпазир миёни Тоҷикистону Бангладеш баррасӣ гардид.

***

САХА- МАриани-22 08 13-IMG_7190

Зимни мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Тиерри Марианӣ масоили гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология зоҳир гардид.

Авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, хусусан пас аз соли 2014, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар, мусоидат ба неруҳои марзбон ва дигар сохторҳо барои муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани ширкати нафту гази фаронсавии Total, ки шуҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад, қадами барҷаста дар роҳи резиши сармояҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ ба бахши нафту гази кишвари мо номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои парлумонӣ ва дигар мавзуъҳо сурат гирифт.

***

Зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо муовини вазири захираҳои об ва ирригатсияи Ҷумҳурии Мисри Араб Воил Хайрӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Воил Хайрӣ пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Тоҷикистонро доир ба эълон намудани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об нишонаи болоравии нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ номида, ба сатҳи омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии бахшида ба ин мавзуъ ҳам баҳои баланд дод.

Зимни суҳбат, ҳамчунин ба авзои кунунӣ ва ояндаи Ҷумҳурии Мисри Араб пас аз воқеоти пурталотуми ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳаёти сиёсии кишвар ба зудӣ ба маҷрои муътадил ворид шуда, баҳсу мунозираҳои мавҷуда бо роҳҳои осоишта ва дар доираи қонун ҳаллу фасл мегарданд.

Ба таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Миср, ки собиқаи ғанӣ дорад, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

www.president.tj