29 ноябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод медонад ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳад.
Ҷонибҳо таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиву башарӣ баррасӣ намуда, зикр карданд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит дар доираи форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.
Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика, бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаҳои технологияи иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар маънидод гардид.
Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) ва саҳми ин кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Вобаста ба вазъи давлати ҳамсояи Афғонистон расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ зарур шумурда шуд.
30 ноябри соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередовро, ки бо мақсади иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо натиҷаҳои Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистонро баррасӣ карданд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро таъкид карда, ба ҷониби Туркманистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм бори дигар изҳори сипос намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагии ҳамаҷониба ба сафари ҷавобии расмии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон таъкид гардид.
Ҳамчунин, вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.