10-уми январи соли 2024 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, зарур шуморида, ҷонибдориро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд.
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ҳар ду кишвар номида шуда, таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ҳар ду кишвар метавонад василаи муҳими пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар аз ҷумлаи тадбирҳое номида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ мусоидат менамоянд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин, низ андешаронӣ карданд.