Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулазиз Комилов

№124 (3604) 01.10.2016

29919316451_60e0033448_k29 сентябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд.

Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, диққати заруриро ба муҳимияти таъмини амнияти минтақавӣ чун шарти асосии суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равона карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки кӯшишҳои муштарак кам нестанд ва сохторҳои дахлдори ду кишварро зарур аст, ки бо мақсади ба хатти нави рушд баровардани маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ муназзам кор баранд.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати берунии Тоҷикистон таъкид намуд.

Муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои умумии рӯҳонӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, таъкид шуд.

Дар ин замина, ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун омили муҳими фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди созандаи маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид.

Ҳамзамон, соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, масъалаҳои рафтуомади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда арзёбӣ шуд.

Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар рушди модели Ӯзбекистон муваффақият ва ба мардуми бародари он сулҳ, субот ва шукуфоӣ таманно намуд.

www.president.tj