Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

№154 (4260) 24.12.2020

50746696087_43a56f866e_o22 декабри соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории миёни ҳар ду кишвар баррасӣ гардида, Пешвои миллат бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ самимона хостори ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари дӯсту бародари Афғонис­тон шуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ пайомадҳои нек дошта метавонад.

Ҷонибҳо, инчунин, оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронист, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро дар сатҳи гуногун зарур шумурданд. Зимнан, аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ба хотири эҷоди долонҳои нави нақлиётию транзитӣ байни кишварҳо зарур мебошад.

Дар шароити ҳозираи пандемияи бемории сироятии коронавирус пешниҳод гардид, ки дар самти пешгирии он ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ тақвият бахшида шавад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, иттилоот ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ омода аст.

www.president.tj