Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов

№122 (4228) 01.10.2020

50397734971_9e0b5f6f11_o29 сентябри соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҳолат ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳоро баррасӣ карда, бо қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла, афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таъкид доштанд.

Дар ин робита, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои кори комиссия ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр намуда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии ҳар ду давлат таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир, дар асоси тавофуқоти роҳбарони ҳар ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоту музокироти суд­манди ҷонибҳо сурат гирифт. Аз ҷумла, ҳайати намояндагии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони парлумони Тоҷикистон мулоқот кард. Конфронси муштараки илмию амалӣ ва мулоқоти намояндагони зиёиёни эҷодкори ҳар ду кишвар баргузор гардид. Ҳайати Ӯзбекис­тон дар таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ширкат варзид. Муассисаи таълимии умумӣ дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекис­тон сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Artel Avesto Electronics» ифтитоҳ ёфт.

Ин ва дигар рӯйдодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳо, сарфи назар аз мушкилоти объективии замон, тавонистанд ҷараёни мусбати муносибатҳоро нигоҳ доранд.

Зимни баррасии масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи коронавируси нав, Пешвои миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони ӯзбек барои кумаки башардӯс­тона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намуданд.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ҳар ду кишвар зарур донистанд.

Ҷонибҳо, инчунин, дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагӣ ва филиали ширкатҳои тарафҳо дар қаламрави якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоя­гузории ҳар ду кишвар суҳбат карданд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян шуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекис­тони ҳамсоя дар самти идомаи татбиқи модели рушди Ӯзбекистон муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари ӯзбек сулҳу субот ва шукуфоии минбаъда таманно карданд.

www.president.tj