20 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот фаъолияти ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои ҳамкорӣ имконоту иқтидорҳои истифоданашуда зиёд ба назар мерасанд.
Ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Шветсария аз соли 2007 бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар таъмини эҳтиёҷоти ин корхонаи бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийи аввалия саҳм мегузорад.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва афзун кардани ҳаҷми сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
www.president.tj