Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко

№144 (3781) 05.12.2017

38043006424_519b43f09c_oЯкуми декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Баррасии маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус зимни вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории дуҷонибаи судманд арзи вуҷуд кардаанд ва дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангу маориф рушд мекунанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди устувору мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистону ­Беларус, ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба, идома меёбад ва воқеан хусусиятҳои шарикии зичро касб кардаанд.

Сарони давлатҳо оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талош дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд. Ниёзмандӣ ба пешбурди ҳамкориҳои зичтарро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, ки узви онҳо ҳастанд, таъкид намуданд. Аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои онро ба сифати василаи умумӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо аз мазмун ва сифати баланди пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкориҳоро ҷиҳати такмилу тавсеаи минбаъда зарур шумориданд.

Тарафҳо аҳамияти санадҳои зимни сафар баимзорасидаро, ки фарогири самтҳои васеи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Беларус мебошанд, таъкид карданд.

Роҳбарони ду давлат бо ишора ба фаъол гардидани равобити байнипарламентӣ аҳамияти рушди минбаъдаи онро қайд намуданд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати робитаҳои байниминтақавӣ дар сатҳи вилояту шаҳрҳо, сарони ду давлат зарурати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ва бо мазмуни нав ғанӣ гардонидани онҳоро таъкид карданд.

Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол, роҳбарони ду давлат зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории дутарафаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ иброз гардид. Дар баробари ин, саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, озуқа ва сабук ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян гардиданд.

Роҳбарони ду давлат тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таҳкими фазои иттилоотию фарҳангиро ба сифати шартҳои муҳим дар ҳифзу тақвияти муносибатҳои неки таърихии миёни мардуми ду кишвар арзёбӣ намуданд. Аз баргузории вохӯриҳои мунтазами доираҳои илмӣ, ходимони санъат ва адабу ҳунари Тоҷикистону Беларус бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи амалияи баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дастгирии пайгиронаи рушди минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф изҳори омодагӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб бо мақсади идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, инчунин баргузории мунтазами мулоқотҳои гуногунсатҳи дуҷониба ҷиҳати баррасию муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарму самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр ­Лукашенко ва мардуми ин кишвар изҳори миннатдории амиқ намуда, Президенти Беларусро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карданд. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Беларус дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии Беларус;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.

Нимаи дуюми якуми декабр дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо экспонатҳои он шинос шуда, дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек баҳри шукуфоии ҳар чӣ бештари Ҷумҳурии Беларус ва саодатмандии мардуми он соядаст гузоштанд.

Бо ҳамин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус ба анҷом расид.

Баъди анҷоми сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Минск ба Ватан баргаштанд.

www.president.tj