7-уми марти соли 2023 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар 30 соли шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.
Зимни суҳбат оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат табодули андеша сурат гирифт.
Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар робита ба вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфии таъсиррасон ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
www.president.tj